Вы здесь

Главная

ТАШРИФИ БОСТОНШИНОСОНИ ҶАВОНИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ИДМ БА САРАЗМ

 

   Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 11 то 17 июли соли 2016 дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм–ёдгории меросии умумибашарии ЮНЕСКО, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ–ро баргузор намуд.

     Дар ҷаласаи ифтитоҳии Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба бостоншиносони ҷавон комёбӣ орзу намуданд.

     Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ–ро баргузор менамояд ва олимони ҷавони бостоншинос аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони бостоншиносони варзидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба олимони ҷавони ИДМ аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик суҳбатҳо оростанд.

     Дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олимони ҷавони ИДМ, аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Россия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Арманистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Беларус, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.

     Сипас, дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият”, сарвари экспедитсияи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филология Луре Павел Борисович дар мавзӯи “Панҷакенти қадим–шаҳраки асрҳои 5–8 мелодӣ”, ходими калони илмии пойгоҳи бостоншиносиии Панҷакент–Саразм, номзади илмҳои таърих Шарофиддин Курбонов дар мавзӯи “Ёдгориҳои бостоншиносии Санҷаршоҳ дар асрҳои 5–7 мелодӣ”, мудири пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Саразм–ёдгории мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО” маърӯза намуданд.

     Меҳмонон дар баробари ёдгории таърихии қадимаи Саразм аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оромгоҳи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар деҳаи зебоманзари Панҷрӯд, оромгоҳи Муҳаммад Башорро ва осорхонаи таърихии Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шариф аст, боздид намуданд.

     Мақсади баргузор намудани Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои кӯҳсор, усули ҳифз намудани мавзеъҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ва ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии қадимаи Саразм ба ҳисоб мерафт.

     Дар доираи чорабинии мазкур барои олимони ҷавони бостоншинос машғулиятҳои амалӣ доир карда шуд. Дар фарҷом ба 26 нафар олимони ҷавони бостоншиноси узви ИДМ ва 11 нафар олимони ҷавони бостоншиноси тоҷик Сертификати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

     Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон ҳамасола дар яке аз давлатҳои узви ИДМ як маротиба гузаронида мешавад.

 

Русский