Языки

Вы здесь

Главная

Навид

 

БОЗЁФТИ МУҶАССАМАИ ШОҲИ СУҒДӢ

         Корманди ҳифзи ҳуқуқи шахри  Панчакент   Сафарзода  Носирхон ба камина Раззоқов Абдураӯф    сарвари Пойгоҳи Бостоншиносии Панҷакент-Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии бо номи А. Дониши АИ ҶТ аксеро нишон дод, ки дар он муҷассамаи ҷавонмарди аспсаворе тасвир ёфта шуда буд. Субҳи бармаҳали 8 июли соли 2016 мо бо Носирхон ба деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ расидем. Соҳиби бозёфт Қӯшабой Ғолибов омӯзгори фанни математика ва информатикаи мактаби №36-и деҳаи Кантеи ҷамоати деҳоти Фондарё бозёфтро ба мо нишон дод. Қ.Ғолибов ба мо нақл кард, ки ҳанӯз 30–35 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Аловиддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрӯз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорӣ карда мешудааст.

         Шиносоии нахустин бо ин бозёфт қабл аз ҳама мазмуну мӯҳтавои деворанигораҳои Панҷакенти Қадимро пеши назари ман овард. Фавран ин бозёфти нодир ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ интиқол дода шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Муҷассамаи биринҷӣ дар қолаб рехта шуда, сипас қисматҳои он асп, савора ва дигар ҷузъҳои хурди он бо ҳам васл карда шудаанд. Муҷассама бо сӯянд суфта карда шудааст. Баландии муҷассама 37 смдарозии он 24 см, ва вазнаш  2.540 гр. Баландии қади асп аз нӯги пой то сари ёл 20.5 см, дарозӣ аз думи асп то фӯки асп 24 см, мебошад. Дарозии савора аз пой то сари парранда 31.5 см, ташкил медиҳад.

Ин маҷассамаи биринҷии ҷавонмаредест, ки бар болои асп савор мебошад. Асп дар ҳолати истода қарор дорад. Сари асп, чашмҳо, сӯрохҳои бинӣ, даҳони асп, гӯшҳо ва ёли он баръало нишон дода шудаанд. Гӯшҳои асп чур мебошад. Ёли асп моҳирона бофта шуда, дар қисми марказӣ бо як абзори махсуси сегӯша мустаҳкам карда шудааст. Мӯйҳои сараки ёли асп ба шакли як қабзаи басташуда зеб дода шудааст. Лаҷоми асп ба хуби иҷро шудааст, ки як тарафи он ба дасти савора печида шуда, тарафи дигари он бошад ба даҳони асп насб шудааст. Дар тасмаи лаҷом, аз ҳарду тараф занҷиракҳо боқӣ мондаанд, ки дар он лавозимоти ороишии асп овехта мешуд. Пойҳо ва наъли асп барҷаста нишон дода шудааст. Дар болои асп зин насб шуда, ки рӯи он савора нишаста мебошад. Симои савора бовиқору ҳашамат, бо як қаду қомати баланду бозуҳои бузург иҷро карда шудааст. Савора дар дасти рост шишпарро (амуди салтанат) медорад, бо дасти чап бошад лаҷоми аспро идора мекунад. Савора дар ҳардуи дастонаш дастпону дошта, дар гарданаш гарданбанд дорад. Қиёфаи савора чашмон, лабу бинӣ, ва абрӯҳо хело барҷаста нишон дода шудааст. Аслан, чашмони савора бо сангҳои қимматбаҳо (ақиқ?) оро дода шуда буд, аммо то замони мо боқӣ намондааст. Савора дар сар тоҷ дорад, ки дар болои он як парранда насб шудааст. Тоҷ нақши растании себаргаро доро буда, аз сето себарга иборат аст. Дар гушаҳои тоҷ аз ҳарду тараф сӯрохӣ мавҷуд аст, ки аз он занҷираке аз паси сари савора мегузашт ва ин сурохиҳоро бо ҳам пайваст мекард, вале ин занҷирак қисман боқӣ мондааст. Поинтар аз ин сурохӣ, дар гушаи рости тоҷ як сӯрохии дигар ҷой дорад, ки дар он низ пораи занҷирак боқӣ мондааст. Аз ду рухсори савора кокулҳои бофташуда хамидаанд, ки то ба гардани вай мерасад. Ҳарду гӯши савора сӯрохӣ барои овехтани гӯшвор дорад. Як адад  гӯшвор боқӣ мондааст, ки бо лоҷварди аълосифат ва се дона шилаҳои баргмонанди тунуки мудаввар зеб дода шуда, аммо то замони мо танҳо дутои он маҳфуз мондааст.Дар минқори паррандае, ки дар сари савора, дар болои тоҷ насб шудааст фарн мавҷуд аст.

Ба баъзе носрасоиҳои ҷузъии муҷассама, ки дастраси мо нагардидааст, нигоҳ накарда ин бозёфт аҳамияти фавқулодаи таърихӣ ва фарҳангӣ барои таърихи халқи тоҷик дорад.

         Мавзеъи бозёфтро дар аҳди Суғд Бутамон меномиданд, ки забти он аз тарафи арабҳо дар ду марҳила (солҳои 701 704) ва (солҳои 713 714) забт карда шуда, арабҳои аҷабнабӣ ғаниматҳои зиёд бурданд. Мувофиқи санадҳои суғдии аз кӯҳи Муғ пайдо карда шуда (соли 1932) солҳои ҳукмронии шоҳи (ишхид) тамоми Суғд  Деваштич ба солҳои 715 724 рост меояд. Шоҳони Суғд Ғурак ва Тархун, ки маркази он Афросиёби Самарқанд буд, ба зудӣ ба арабон таслим шуданд. Деваштич бошад худро шоҳи тамоми Суғд эълон намуда, таи солҳои 715 724 ба муқобили арабҳои аҷнабӣ муборизаи беамон мебарад.

         Гумон меравад, ки ҳангоми аз Панҷакенти Қадим ба Бутамон (Фалғар) омадан, Деваштич ва дигар ашрофзодагони суғдӣ девон, бойгонӣ, муҷасамаҳои нодири хешро ба хотири ҳифз ҳамроҳи худ гирифта ба дараҳои дастнораси кӯҳистон оварда пинҳон намудаанд.

Қисмати шарќии Суғд фаќат шањраки Панљакент набуда, балки мавзеъњои дигарро низ дар бар мегирад. Дањњо ёдгорињои таърихи асримиёнагї дар ноњияи Панљакент ва болооби дарёи Зарафшон кашф карда шудаанд. Ќалъаи мустањками кўњи Муѓ дар кўњистони Суѓд намунаи барчастаи он аст.

     Соли 1979 мактаббачањо дар Кўњи Сурх, ки дар доманаи он ќалъаи асримиёрагии Сарвода бунёд ёфтааст, бозёфти аљиберо ба даст оварданд. Сокинони мањаллї Умар Усмонов ва Сайёр Ќўзибоев аз ѓор муљассамаи чўбини мардро ёфтанд, ки 1,5 м дарозї ва 15 кг вазн дошт. Дар ѓор инчунин зирењ, ѓилофњои чўбини шамшер ва ханљар, пойафзол, боќимондањои тољ ва бисёр ашёи парастишї аз ќабили зангўлањои гуногун, дањ оинаи фулузї,  мўњри сангї бо сурати хуки вањшї ва навиштаљоти суѓдї ва ќањрабои наздибалтикї ёфт шуданд.

Ҳоло ба таҳлили новобастаи лавозимоти муҷассама мегузарем. Пеш аз ҳама савол ба миён меояд, ки савораи муҷассамаи мазкур ба ки ва кадом давраи таърихӣ тааллуқ дорад?

Чи тавре, ки дар боло зикр намудем ҷавонмарди савора хеле бовиқорона бо як шаҳомати шоҳона сохта шудааст. Ӯ дар сар тоҷ дорад ки худ бешак гувоҳи аз он медиҳад ки ин шахс шоҳ (ихшид) – Сугд   мебошад. Тасвири шоҳони тоҷбарсар дар саросари ёдгориҳои меъмориву бостоншиносиии ориёинажод вомехуранд, ки марбут ба давраҳои гуногуни таърихӣ мебошанд. Аммо тоҷи сари муҷассами мо куллан аз он тоҷҳое, ки дар даврони Ҳахоманишиҳо ва Сосониён маъмуланд фарқ дорад. Тоҷи бозёфти мо тасвири растани,  сето себаргаро дорост. Тоҷи муҷассами мо бо тоҷи деворанигораи Панчакенти Қадим  “Шоҳ дар тахт” ва “Зери Хайма” шабоҳати наздик дорад... (расми –).

Чизи муҳими дигар ин шишпар ё инки амуди салтанат ҳаст, ки дар дасти рости шоҳ мебинем. Шоҳ шишпарро бо як имои махсус пеш меорад ва ин яке аз хусусиятҳои муҳимтаринни муҷассами мазкур мебошад. Ин имо баёнгари эълон кардани шоҳии хеш, маросими савгандёдкунӣ ва ё бо ибораи имрӯза “иногуратсия” мебошад.

Аспи шоҳ низ бо зебу зинат  муҷҷаҳаз шудааст.  Муҷассамаи аспи биринҷие, ки дар осорхонаи бостоншиносии Самарқанд нигоҳдорӣ карда мешавад бо бозёфти мо шабеҳии хело наздик дорад (нигар расм.). Минтақаи наздиктарин ки онҷо сипари чӯбин бо тасвири  асп пайдо шудааст ин қалъаи Абаргар ( кӯҳи Муғ) мебошад.  

Ба назари мо паррандае, ки дар болои сари шоҳ меистад, нақши муҳимтарин ва калидӣ дорад. Ин парранда дар минқори худ фарни шоҳиро ба сари шоҳшаванда мегузорад. Маҳз ҳамин парранда оварандаи пайғоми хуш аст. Дар сиккаҳои давраи Ашкониён тасвири паррандае, ки фарни шоҳиро меоварад ба қайд гирифта шудаанд. Беҳуда нест, ки то имрӯз дар адабиёти шифоҳии тоҷикон ин паррандаи хушхабар бо номи “бозӣ давлат” маъруф аст. То имруз дар байни точикон  ҳангоми маросимҳои хатнасур ва арусу домоди чунин сурудро месароянд.

         Точи давлат бар сарат.

         Сад сола шавад гул писарат.

Ба гумони мо муҷассама  лаҳзаи таҷгузории яке аз шоҳи суғдиро инъикос менамояд, чунин тоҷгузорӣ  дар рӯи асп байни шоҳони сосонӣ ва кушони маъмул будаааст.  Хушбахтона бозёфти мазкур имрӯз насиби ворисонаш гардида бори дигар аз таъриху таммаддуни пурғановати чандинҳазорсолаи тоҷикон шаҳодат медиҳад.

 

Номзади илми таърих Раззоќов Абдурауф

Русский